Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Анамария Вартоломей

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анамария Вартоломей
фр. Anamaria Vartolomei
Таърихи таваллуд: 9 апрел 1999(1999-04-09) (26 сол)
Зодгоҳ: Бакэу, Руминия
Шаҳрвандӣ: Парчами Фаронса Фаронса
Парчами Руминия Руминия
Касб: Ҳунарпеша
Корнома: 2011–то ҳол
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 4422007
 Парвандаҳо дар Викианбор

Анамария Вартоломей (фр. Anamaria Vartolomei, фаронсавӣ: [anamaʁia vaʁtɔlɔmɛi];[1] румонӣ: [aˌnama'ri.a 'vartolomej]; 9 апрели 1999, Бакэу, Руминия) — ҳунарпеша ва мудели фаронсавии румонитабор. Ӯ нахустин нақшашро дар филми «Маликаи кӯчаки ман» (2011) иҷро кард. Сипас дар филмҳои «Ҷеки дар салтанати занон» (2014) ва «Абадият» (2016) нақш бозид.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вартоломей дар шаҳри Бакэу ба дунё омадааст. Ӯ ҳамагӣ ду сол дошт, ки волидонаш ба Инглистон, сипас ба Фаронса барои кор рафтанд. Дар ҳамин муддат вайро бобову бибияш дар рустои Плопу дар Дэрмэнешти нигоҳубин мекарданд. Дар синни шашсолагӣ ба назди волидонаш пайваст ва дар шаҳри Исси-ле-Мулино (канораи Порис) маскан гирифт. Ӯ дар мактаби l'école Anatole France таҳсил кардааст. Сипас дар курсҳои ҳунарпешагии Cours Florent ва Les Enfants Terribles ҳунар омӯхт. Пас аз як рӯзи дохил шудан ба бахши адабиёти муосир дар Донишгоҳи Сорбонна таҳсилро канор гузошт, то пурра ба касби ҳунарпешагӣ рӯ биёрад.

Сол Номи тоҷикӣ Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2011 Маликаи кӯчаки ман My Little Princess Виолетта нақши нахустин
2014 К - корд C comme Couteau духтарак филми кӯтоҳ
2014 Ҷеки дар салтанати занон Jacky au royaume des filles Соня
2015 Ду соҳил Deux rivages Александра филми кӯтоҳ
2016 Инқилоб ман Ma révolution Сигрид
2016 Идеал L'Idéal Лена
2016 Абадият Éternité Марго
2017 Базрафшон Le semeur Жозефина
2017 Таъвизи шоҳзодаҳо L'échange des princesses Луиза Елизавета
2020 Чӣ гуна ҳамсари хубе бошем La bonne épouse Албан де Дю Понт
2021 Рӯйдод L'événement Анна
2022 Медуза Méduse Клеманс
2024 Империя The Empire Жанна де Бек
2024 Мария Maria Мария Шнайдер
2024 Граф Монте-Кристо Le Comte de Monte-Cristo Гайде
2025 Микки 17 Mickey 17 Кай Катс