Jump to content

Забони испониёӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
испанӣ
Номи қавмӣ исп. español[1]
исп. castellano
Кишварҳо
Созмони танзимкунанда Association of Academies of the Spanish Language[d]
Шумораи умумии гӯишварон
Вазъ дар ҳоли амн[d][27]
Таснифот
забонҳои авруосиёӣ[d]
забонҳои ҳиндуаврупоӣ
забонҳои итоликӣ[d]
забонҳои романӣ[d]
забонҳои романии ғарбӣ[d]
забонҳои галӣ-иберӣ[d]
Iberian Romance[d]
West Iberian[d]
Castilian[d]
испониёӣ
Хат Алифбои лотинӣ
Коди забонӣ
ГОСТ 7.75–97 исп 230
ISO 639-1 es
ISO 639-2 spa
ISO 639-3 spa
WALS spa
Ethnologue spa
Linguasphere 51-AAA-b
ABS ASCL 2303
IETF es
Glottolog stan1288
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ

Забони испониёӣ (испанӣ: español, castellano) — яке аз забонҳои романӣ аст. Бо ин забон дар Испания, Мексика ва дигар кишварҳои қитъаи Амрико гуфтугу мекунанд.

Испанӣ забони роману аз оилаи ҳиндуаврупоӣ мебошад, ки аз лотинии вулгарӣ (яъне шакли содда, мардумӣ) дар Нимҷазираи Иберия пайдо шудааст. Он забони модарии 483 миллион нафар, асосан дар қитъаҳои Амрико ва Испониё, ва забони расмии 20 кишвар мебошад. Испанӣ дуюмин забони модарии серистеъмолтарин дар ҷаҳон пас аз хитоии мандарин ва чоруми забони серистеъмолтарин дар ҷаҳон мебошад. Кишвари бо бештарин аҳолии мутакаллимони модарӣ Мексика аст.

Испанӣ аз лотинӣ сарчашма мегирад ва тақрибан 75% калимаҳояш аз лотинӣ гирифта шудаанд. Испанӣ аз забонҳои хориҷии серомӯхташуда дар сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад ва дар соҳаҳои илмҳои инсонӣ ва иҷтимоӣ мавқеи калон дорад. Дар интернет низ ин забон аз рӯи теъдоди истифодабарандагон дар қатори забонҳои англисӣ ва хитоӣ ҷойгоҳи сеюм дорад. Ғайр аз ин, испанӣ ҳамчун яке аз забонҳои расмӣ дар бисёр созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, чун Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, истифода мешавад.

Испанӣ ҷузъи гурӯҳи забонҳои иберо-роману буда, аз лаҳҷаҳои гуногуни лотинии вулгарӣ дар Нимҷазираи Иберия баъди хароби Империяи Ғарбии Рум дар асри 5 милодӣ ташаккул ёфтааст. Дар ин гурӯҳ забони испанӣ ҳамчунин бо номи кастилӣ (castellano) низ маълум аст.

Садонокҳо
Ҳарфи испанӣ a e i o u
Садои муодили тоҷикӣ мисли а дар "асп" мисли е дар "себ" мисли и дар "илм" мисли о дар "об" мисли у дар "ту"
Ҳамсадоҳо
b c d f g h j k l m
n ñ p q r s t v x y

Мор­фология

[вироиш | вироиши манбаъ]

Морфологияи испанӣ мураккаб аст. Исмҳо бинобар шумора (libro/libros - китоб, китобҳо) ва ҷинсият (нарина: el libro - китоб, модина: la mesa - миз) тағйир меёбанд. Сифатҳо бо шумора ва ҷинсият бояд мувофиқ бошанд (libro nuevo - китоби нав, mesas nuevas - мизҳои нав). Одатан, сифатҳо, монанди забони тоҷикӣ, пас аз исмҳо меоянд (la casa vieja - хонаи кӯҳна, el coche grande - мошини калон). Феълҳо аз рӯи шахс (yo hablo, tú hablas - ман гап мезанам, ту гап мезанӣ ), шумора (ellos hablan - онҳо гап мезананд), замон (habló, hablé - ман гап задам, вай гап зад), ва cиға (hable) тағйир меёбанд.

Сиғa барои ифода намудани шубҳа, хоҳиш, ноаниқӣ, ҳолатҳои гипотетикӣ, тавсияҳо ё эҳсосот истифода мешавад.

  • Espero que tú comas a tiempo. (Умед дорам, ки ту сари вақт хӯрок мехӯрӣ.)

Калимаҳои нав бо истифода аз пешвандҳо (antipático - номақбул, нохуш) ва пасвандҳо (libertad - озодӣ) сохта мешаванд.

Луғати забони испанӣ аз манбаъҳои гуногун ташаккул ёфтааст, асоси он аз лотинии мардумӣ (vulgate) ва дигар забонҳои романсӣ гирифта шудааст. Дар замони ҳукмронии мусалмонон дар Нимҷазираи Иберия (711–1492 мелодӣ), ба испанӣ бисёр калимаҳои арабӣ, хусусан дар соҳаҳои кишоварзӣ, меъморӣ, илм ва технология ворид шуданд. Баъд аз ба истилои Амрико аз ҷониби Испания, калимаҳо аз забонҳои аслии мардуми он, ба монанди наҳуатлӣ, кечуа ва таино низ ба луғати испанӣ роҳ ёфтанд. Инчунин, испанӣ калимаҳоро аз дигар забонҳои аврупоӣ, мисли фаронсавӣ, итолиёвӣ ва дар замони муосир бештар аз англисӣ қабул кардааст.

Системаи навиштан

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Алифбои испанӣ

Якчанд ҷумлаҳо бо забони испанӣ:

  1. ¿Cómo estás? — Чӣ ҳол доред?
  2. Gracias. — Ташаккур.
  3. Buenos días. — Субҳ ба хайр.
  4. ¿Dónde está la estación de metro más cercana? — Наздиктарин истгоҳи метро куҷост?
  5. Yo vivo en Barceloba. — Ман дар Барселона зиндагӣ мекунам.
  6. ¿Cuánto cuesta? — Чӣ қадар (чан сӯм) меистад?
  7. Perdón, no entiendo. — Бубахшед, ман намефаҳмам.
  8. ¿Puedes repetir, por favor? — Лутфан, такрор кун.
  9. ¿Cómo se llama usted? — Номи шумо чист? (шакли расмӣ)
  10. Hasta luego. — Хайр / То боздид.
  1. https://github.com/unicode-org/cldr/blob/main/common/main/es.xml
  2. ScriptSource - Spain
  3. ScriptSource - Andorra
  4. ScriptSource - Argentina
  5. ScriptSource - Belize
  6. ScriptSource - Bolivia
  7. ScriptSource - Chile
  8. ScriptSource - Colombia
  9. ScriptSource - Costa Rica
  10. ScriptSource - Cuba
  11. ScriptSource - Dominican Republic
  12. ScriptSource - Ecuador
  13. ScriptSource - El Salvador
  14. ScriptSource - Equatorial Guinea
  15. ScriptSource - Gibraltar
  16. ScriptSource - Guatemala
  17. ScriptSource - Honduras
  18. ScriptSource - Mexico
  19. ScriptSource - Nicaragua
  20. ScriptSource - Panama
  21. ScriptSource - Paraguay
  22. ScriptSource - Peru
  23. ScriptSource - United States
  24. ScriptSource - Uruguay
  25. ScriptSource - Venezuela
  26. Ethnologue (ингл.) — 25, 19 — Dallas, Texas: SIL International, 1951. — ISSN 1946-9675
  27. Красная книга языков ЮНЕСКО